Бибича Маҳмадуллоева: “Давлат ба мо монад, аввал туро мепарронам!”
Муаллима Бибича Маҳмадуллоева 51 соли умри бобаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст. Ин зани бофарҳанг соли 1960 баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолияти педагогии хешро аз мактаби ба номи Зебунисои ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, бо ҳамин риштаи тақдирашро бо мактаб пайвастааст. Муддати 9 сол вазифаи директори мактабро адо мекард. Солҳои роҳбарии Маҳмадуллоева дар мактаб тағйироту дигаргуниҳои зиёде ба миён омада, он ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ноҳия табдил ёфт. Албатта ин муваффақиятҳо бо осонӣ ба даст наомадаанд. Муаллима рӯзҳои сахту сангинеро аз сар гузаронида бошад ҳам, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз натавонист руҳи муборизи ин зани ҷасурро бишканад.
Дар арафаи иди муаллимон мо ба аёдати ин муаллимаи номдор рафтем, то аз кору пайкораш огоҳ гардем.
—Муаллимаи азиз! Шумора ба рӯзи идатон муборакбод мегӯем!
-Раҳмат, ки ба суроғи мо, ки ба хаёли ягон нафар аз ҳамкасбон намерасем, омадед. Аз шумо миннатдорам!
-Шумо дар ду аср фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ доштед. Мехостем дар бораи тафовути байни ду асри маориф каме маълумот диҳед…
-Аксарияти мардум замони Шӯравиро ба некӣ ёд мекунанд, вале бояд иқрор шуд, ки шароити таълиму тарбия ва таъмини техникии мактабҳо он вақт дар сатҳи имрӯза набуд. Мо омӯзгорон нақшаю таблитсаҳои куҳнаю фарсударо ҳамчун асбоби аёнӣ истифода мебурдем. Талабаи замони Шӯравӣ намедонист, ки компютер чист. Имрӯз барои толибилмон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои навин барои ҳар як шахс дастрас аст. Ин аст тафовути ду асри маориф.
-Мегӯянд, ки маҳз дар давраи роҳбарии шумо мактаби ба номи Ленин куллан дигаргун гашт. Пас, чӣ сабаб гашт, ки шуморо аз вазифа барканор созанд?
-Бачаҳо дар се баст таҳсил мекарданд, аз ҳамин хотир баробари директори мактаб таъин шуданам ман аз паси сохтмони бинои иловагӣ шудам. Дар баробари ин, сохтмони толори варзиширо, ки чандин сол боз гӯшти уштур хӯрда, нотамом монда буд, ба анҷом расонидем. Хулоса, ободиҳои зиёде кардем, вале ин ҳама навигариҳо ба баъзе бадхоҳон нафориду дар сари роҳи банда чоҳ кофтанро сар карданд. Як ҳамсояамон дар раёсати маорифи ноҳия кор мекард. Писаронаш аз тарбият дур монда буданд. Ҳуҷҷатҳои фарзандонашро аз мактаби мо гирифта ба мактаби варзишӣ бурд, вале дар он ҷо низ таҳсил карда натавонистанд. Дар охири соли хониш дубора ҳуҷҷатҳои писарашро, ки дар солонааш 3 баҳои ғайриқаноатбахш (2) дошт, оварда, талаб намуд, ки дубора қабул кунам. Ба хубӣ фаҳмондам, ки соли таҳсил ба охир расид ва ман наметавонам талаба қабул намоям. Сахт ранҷида таҳдид кард, ки ин корро ҳамту намемонад. Ҳамин тавр бо шарофати ҳамон ҳамсоя маро аз директорӣ гирифтанд. Мақсадашон умуман аз мактаб пеш кардан буду зӯрашон нарасид.
-Рост аст, ки ҳатто яке аз ҳамкорони худатон таҳдиди шуморо куштан карда будааст?
-Бале, ин ҳодиса солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух дода буд. Дар мактаб ду гурӯҳ буд-гурӯҳи мухолифин ва гурӯҳи мо, ки аз се нафар иборат будем. Аз заводи орд як мошини калон орд оварда ба муаллимон тақсим карданд, вале ба ману раҳматии муаллим Сангов ва Набиев орд надоданд. Вақте сабаб пурсидем, гуфтанд, ки шумо коммунистед. Ёд дорам дар хонаи муаллимон нишаста будем. Гандумов гуфтанӣ як муаллим доштем, ки маро бад медид. Дар миёни ҳама вай бо даст ба сӯйи ман ишора карда, бо овози баланд гуфт: “Давлат ба дасти мо афтад, худам шахсан якум ҳамин занакро мепарронам!”
-Дар тӯли ним асри омӯзгорӣ ҳолате шудааст, ки аз касби интихобкардаатон пушаймон гашта бошед?
—Ман ду ҷангро аз сар гузаронидам. Ҷанги дуюми ҷаҳон ба муқобили фашизми Гитлерӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ. Солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ азоби гуруснагӣ кашидем, сарлучу пойлуч мондем, вале бо ин ҳама он замон мисли давраи ҷанги шаҳрвандӣ барои ман душвор набуд, чунки медонистем, ки душман бегона аст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бошад, ҳамсоя душмани ҷони ҳамсоя гашта, тоҷик тоҷикро мекушт. Замони ҷанги шаҳрвандӣ азобҳои бисёре кашидам. Барои бачаҳоро ба роҳи рост ҳидоят карданам ба ман душман шуда, таҳдид мекарданд, ки хонаамро метарконанд, аз ҳамин сабаб баъзан аз касби интихоб кардаам пушаймон мешудам. Қариб ҳар шаб дар як вақт занг зада мегуфтанд, ки туро бо бачаҳоят мекушему хонаатро метарконем. Вақте ба прокуратураи ноҳия муроҷиат кардам, ба ҷойи пеши роҳи онҳоро гирифтан пурсиданд, ки хонаатро фурӯхтанӣ ҳастӣ ё не? Намедонам ба чӣ хотир чунин савол доданд. Оқибат косаи сабрам лабрез гашт ва як бегоҳ баробари занг заданашон гӯширо бардошта гуфтам: “Аз ман чӣ мехоҳед? Таркониданӣ бошед, тезтар тарконед, ҳам ҷони шумо халос мешаваду ҳам ҷони ман!” Баъди ҳамин дигар занг назаданд.
—Дар деҳот аксари падару модарон ба хондани духтаронашон зид мебароянд. Духтарҳоро чӣ гуна ба идома додани таҳсил дар макотиби олӣ сафарбар менамудед?
—Ман ва Гулов, ки ҳамон солҳо мудири маориф буданд, пиёда деҳа ба деҳа гашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронидем. Бо муборизаҳои зиёд чандин духтаронро ба донишгоҳу коллеҷҳо хонданӣ фиристодем. Сафар-чӯпон ном марде буд, ки мардум ӯро бо лақаби “Қалоғ” мешинохтанд. Вай Идимоҳ ном духтари босаводе дошт. Баъди хатми мактаб Идимоҳ бе розигии волидонаш ба донишгоҳ дохил шуд. Сафар-чӯпон хеле пофишорӣ кард, ки духтараш таҳсилро тарк намояд, вале духтарак аз райъаш нагашт. Падараш ба ким-кадом як муаллими донишгоҳ пора медиҳад, то ки ӯро хориҷ кунанд. Як рӯз Идимоҳ гирякунон омад, ки муаллима маро аз донишгоҳ хориҷ карда истодаанд. Ба назди ректор рафтам, ба мудири маориф муроҷиат кардам, вале касе ба доди духтарак расидан намехост. Дидам, ки намешавад, ба Низорамоҳ Зарипова, ки намояндаи ҳукумат буд, муроҷиат намудам. Ин зани ҷасур ба доди мо расид ва барои таҳсилашро давом додани Идимоҳ мусоидат кард. Сафар-чӯпон ба ғазаб омада, маро дашному ҳақоратҳои қабеҳи бисёре дод, вале ба ин ҳама дағалиҳои “Калоғ” нигоҳ накарда, ман аз он хурсанд будам, ки тавонистам ба як шогирдам дар амалӣ намудани орзуяш ёрӣ расонам.
—Барои таҳсил кардани худи шумо ягон кас монеъ нагашта буд?
—Модарам зани бемаълумот бошад ҳам, ҳамеша таъкид мекард, ки хонед, маълумоти олӣ бигиред. Падарам Аълочии маорифи халқ буд. Асадулло Саъдуллоев, (руҳаш шод бод) яке аз шогирдонаш дар бораи падари ман китоби аҷибе навиштааст, ки дар он чӣ тавр ба дасти босмачиҳо афтидани падарам тасвир карда шудааст. Бо дастгирии волидонам баъди ҷанг, соли 1950 ман ба мактаб-интернати духтаронаи №10 шаҳри Душанбе дохил шудам. Забони русиро намедонистам. Аксар вақт то охири дарс гиря мекардам. Омӯзгорон аввал фикр мекардаанд, ки ман забонро медонаму хондан намехоҳам, вале чун фаҳмиданд, ки забони русиро тамоман намедонам, роҳбари синфамон София Давидовна корро аз луғат омӯхтан оғоз намуд. Оҳиста-оҳиста забонро ёд гирифтам ва бо дипломи аъло донишгоҳро хатм намудам. Устодонам бисёр мехостанд, ки дар донишгоҳ монам, вале бо сабаби бемории модарам ман ба ноҳия баргаштам.
—Дар охир ҳамчун як омӯзгори таҷрибадор ва зани рӯзгордида шумо ба мардум чӣ маслиҳат медиҳед?
—Кореро, ки Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон барои халқу Ватани худ кард, ҳеҷ кас намекунад. Ин марди шариф мардумро аз оташи ҷанг берун кашид ва кишвари ҷангзадаро орому обод намуд. Бисёр мехоҳам, ки мардум ба қадри ҳамин заҳматҳои президент ва ба қадри зиндагии ободу осоишта бирасанд. Ҷавонон тамоми кӯшишу ғайрати худро ба омӯхтани илму ҳунар сарф намоянд, чунки одами босавод ва ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад!
-Саломат бошед!
Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат
P/ S
Дар симои ин зани меҳнаткаш, ки ним асри умри бобаракаташро ба тарбияи насли наврас сарф намудааст, мо тамоми муаллимону омӯзгоронро бо рӯзи идашон муборакбод гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунем, зеро:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ