Чаро нони онҳо дунима шуд?

Ҳафтаи гузашта Сироҷиддин Икромӣ, раиси «Амонатбонк» аз коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон хабар дод. Пас аз он санаи 22-юми июл Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар 195 миллион доллар камтар пул интиқол додаанд, ки ин 14,8% кам аст. Яъне, дар шаш моҳи соли равон муҳоҷирон 999 миллион доллар ба Тоҷикистон маблағ интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 174 млн. доллар кам аст.

Паҳн гаштани коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон омили бекорӣ, камшавии интиқоли пул ва мушкил гардидани вазъи зиндагӣ дар оилаҳои муҳоҷирон гардид. Дар ин чанд моҳи маҳдудиятҳо дар кишвари Русия баръало мушоҳида шуд, ки бидуни муҳоҷирон ва маблағи мефиристодаи онҳо мардум ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Агар вазъи баамаломада то охирҳои сол давом кунад, пас он ҳангом ҳоли хонаводаҳои тоҷик, ки фарзандони аксарияташон дар муҳоҷират қарор доранд, чӣ имтиҳонҳои душворро интизор аст?

Солҳост, ки роҳбарияти Бонки миллӣ кӯшиш мекард, то пули мефиристодаи муҳоҷиронро ночизтар нишон диҳад. Ҳатто мегуфтанд, ки барои бешбурди иқтисоди миллӣ маблағи мефиристодаи муҳоҷирон ба миқдори хурди фоиз таъсир мегузорад. Аммо ҳақиқати ҳолро вазъи пандемияи COVID-19 аён кард.

Пас оё замоне фаро нарасидааст то ҳақиқатро иқрор кунем, ки аҳолӣ бе кумаки молии муҳоҷирон ба душвориҳои рӯздармиён бармехӯрад ва нони дастархонашон дунима мешавад, ҳатто шояд танҳо мағзпора боқӣ монад.

Нуралӣ Карим

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *