Писари Беназир Бҳутто вазири корҳои хориҷии Покистон шуд

Билавал Зардорӣ 21 сентябри 1988, Карочӣ бадунё омадааст. — арбоби давлатии Покистон, раиси Ҳизби мардумии Покистон. Писари ягонаи раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва шодравон Беназир Бҳутто.

 Тарҷумаи ҳол 21 сентябри соли 1988 дар Карочӣ (пойтахти Синд) дар яке аз оилаҳои бонуфузи Покистон — бобои ӯ Зулфиқор Алӣ Бҳутто таваллуд шудааст.

Вақте ки модараш сарвазир шуд, Билавал 3 моҳа буд. Соли 1996 падараш зиндон шуд ва дар соли 1999 Билавал бо модараш Покистонро тарк кард.

 То соли 2007 дар Дубай ва Лондон зиндагӣ мекард. Моҳи декабри соли 2007 Беназир Бҳутто дар Равалпиндӣ кушта шуд ва Билавал бори аввал дар солҳои тӯлонӣ аз Покистон дидан кард.

Моҳи сентябри соли 2008 Осиф Алӣ Зардорӣ раисиҷумҳури кишвар интихоб шуд. Билавал Зардорӣ дар соли 2011 пас аз хатми таҳсил дар Донишгоҳи Оксфорд ба Покистон баргашт.

Аз соли 2007 раиси Ҳизби мардумии Покистон аст. Соли 2018 дар интихоботи парлумонӣ номзад ба мақоми нахуствазир шуд.

27 апрел Зардорӣ ба курсии раиси вазорати умури хориҷаи Покистон расид. Вай 33-сола буда, дар таърихи республика ҷавонтарин вазири корҳои хориҷии Покистон мебошад. Зардорӣ писари нахуствазири пешини Покистон ва раҳбари Ҳизби Ҳизби Халқии Демократии Покистон Беназир Бҳутто аст, ки соли 2007 дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *