Билетхарӣ озод шуд, муҳоҷир ҳам аз кор озод…
Росавиатсия, мегуяд, ки ду тараф дар ҷаласаи рӯзи 11-уми ноябр дар ин бора ба ягон мувофиқа нарасидаанд.
Аз имрӯз сар карда , номнавис кардани шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон бекор карда шуд.
Тавре Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ, гуфтааст, муҳоҷирон метавонанд барои роҳ ёфтан ба парвозҳои чартерӣ билетҳоро танҳо аз понздаҳ нуқта дар Русия, аз ҷумла шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, дастрас кунанд. Ин тасмим аз 16-уми ноябр ба ҳукми иҷро даромад. Акнун тавре коршиносон мегуянд, “туб танҳо ба як дарвоза медарояд”. Яъне мисли он , ки дар даромадгоҳи қабристон мегуянд, “Ассалому алайкум аҳли қубур, аз мо омадан ҳасту аз шумо рафтан не” Русия бо тасмими он,ки фурӯши билет бе навбат ба ҳамаи онҳое,ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, ба рейсҳои чартерии худ иҷозат дода, бо як тир ду нишон мезанад. Аввалан, даромади ширкатҳои фазонавардии худро афзоиш медиҳад, дуюм аз муҳоҷирон халос мешавад. Зеро муҳоҷири ба Тоҷикистон омада, агар шаҳрванди он кишвар набошад, наметавонад дубора ба он ҷо бо рейсҳои чартерӣ баргардад.То имрӯз ҳатто донишҷӯёне, ки дар мактабҳои Русия таҳсил мекарданд, аз чунин имконият маҳруманд. Хатсайрҳои маъмулӣ бошанд, гумон аст,ки ба ин наздикиҳо кушода шаванд.То ин замон хоҳишмандони бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон аввал худро дар намояндагиҳои расмии кишвар сабтином карда, танҳо дар сурати расидани навбат билет мехариданд. Баъзе аз онҳо аз шеваи номнависӣ, навбати дароз дар назди сафорат, вуҷуди миёнравҳо ва нархи гарони билет шикоят доштанд.Аммо ин нарх бо иҷозатномаи фурӯши озоди чиптаҳо низ арзон нахоҳад шуд. Намояндаи як ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон гуфта буд,ки азбаски ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия холӣ рафта, аз он ҷо шаҳрвандонро меоранд, нархи билету хадамот 40 дарсад бештар мешавад ва ин ҳолат баъд аз он,ки тайёраҳои чартерии русӣ шумораи зиёди муҳоҷиронро меоранд, боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Дар мавриди он ки парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистону Русия кай аз сар гирифта хоҳад шуд, Душанбе чизе намегуяд. Росавиатсия бошад, мегуяд, ки ду тараф дар ҷаласаи рӯзи 11-уми ноябр дар ин бора ба ягон мувофиқа нарасидаанд. Аммо ба андешаи коршиносон он, чӣ ҳоло барои муҳоҷирон хурсандӣ меорад, яъне фурӯши озоди чипта ва бозгашт ба Ватан, минбаъд барояшон ба мушкилоти ҳалношуданӣ мубаддал мегардад. Ба хотири як бор “аз ҳавои Ватан нафас кашидан” шуда, аввал ин,ки муҳоҷир имкони бозгаши дубора ба ҷои кори худро намеёбад, сониян агар ҳатто баъд аз чанд моҳ дар ин ҷода комёб шавад ҳам, аллакай ҷои кори худро аз даст медиҳад ва он ҷоро ягон ӯзбеку қирғиз ва ё ветнамию молдован гирифтааст. Муҳоҷири тоҷик дар беҳтарин ҳолат бо маоши андак кучаруби Собянин мешавад. Пас, сабр беҳтар нест, ки ҳам аз ину ҳам аз он ронда нашавад?
Шореҳи Pressa.t
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ