Билети қатораи Душанбе-Тошканд-Душанбе 20 фоиз арзон шуд (аудио)

Аз 6-уми сентябри соли равон билети қатораи Душанбе-Тошканд-Душанбе 20 фоиз арзон шуд. Чунин тағйирот дар натиҷаи гуфтугӯи намояндагони ширкатҳои “Роҳи оҳани Ӯзбекистон” ва “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сурат гирифтааст. Дар сомонаи “Роҳи оҳани Ӯзбекистон” арзиши билети Тошканд-Душанбе наздики 44 доллар нишон дода шудааст. Ёдовар мешавем, ки қатораи Душанбе-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли ҷорӣ ба гардиш даромад. … Читать далее Билети қатораи Душанбе-Тошканд-Душанбе 20 фоиз арзон шуд (аудио)