Билети қатораи Душанбе-Тошканд-Душанбе 20 фоиз арзон шуд (аудио)

Аз 6-уми сентябри соли равон билети қатораи Душанбе-Тошканд-Душанбе 20 фоиз арзон шуд.

Чунин тағйирот дар натиҷаи гуфтугӯи намояндагони ширкатҳои «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сурат гирифтааст.

Дар сомонаи «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» арзиши билети Тошканд-Душанбе наздики 44 доллар нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қатораи Душанбе-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли ҷорӣ ба гардиш даромад. Фосилаи байни Душанбеву Тошканд 916 километр буда, қатора ин роҳро дар 21 соат тай мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *