Билети ҳарбӣ пулакӣ мешавад. Мардум чӣ мегӯянд? (видео)
Ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» тағйирот ворид шуд. Акнун солона то 10 фоизи ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, боқимонда метавонанд, бо пардохти маблағ ва машқи якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Хабарнинигорони сомонаи Pressa.tj дар ин маврид назари мардуми кишварро пурсид. Оё онҳо ҷонибдори пулакӣ шудани билети ҳарбӣ ҳастанд?
Ин дар ҳолест, ки Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон 20-уми январ зимни муаррифии Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» дар парлумон гуфт, минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои судӣ, прокуратура , коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбиро анҷом дода бошанд.
Инчунин, дар Тоҷикистон солона ҳамагӣ 10 дарсади ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд ва онҳое, ки аз ин берун мемонанд, метавонанд бо пардохти маблағ ва машқи якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд. Ҳоло тартиби пардохти маблағ маълум нест ва ҳаҷми онро Ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад.
Қонун «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» 20-уми январ аз ҷониби Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо муаррифӣ шуд ва парлумон онро тасвиб кард. Дар асоси тағйироти воридшуда, ҷавононе, ки кафедраҳои ҳарбиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хизмати ҳарбӣ, соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ мешаванд. Дар гузашта хатмкунандаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд ва рутба мегирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ