Билол ИБРОҲИМ, раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Зиндагинома. Билол Иброҳим 4-уми августи соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1989 Донишкадаи омӯзгории Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)-ро ба таври рӯзона бо ихтисоси муаллими фанҳои математика ва физика ва ҳамчунин соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун лаборанти шуъбаи селексия ва модерни филиали Донишкадаи тадқиқоти умумиитифоқии заминшиносӣ дар ноҳияи Бохтар оғоз намуда, баъд аз як соли фаъолият аз соли 1981 то соли 1982 ба ҳайси коргари сехи қаннодии №1, трести «Хӯроки умумӣ»-и шаҳри Бохтар шуғл варзидааст.

Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намудааст.

Солҳои 1984-1989 донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории Бохтар ва баъди хатм аз соли 1989 то соли 2001 дар вазифаҳои инструктор, мудири шуъба, котиби дуюми Кумитаи комсомолии шаҳри Бохтар, муовини раиси Созмони иттифоқи ҷавонони шаҳри Бохтар ва раиси фонди ҳифзи ҷавонони вилояти Хатлон фаъолият кардааст.

Солҳои 2001-2004 муовини мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанг, мудири шуъбаи иқтисод, инвеститсия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2004-2016 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми раиси ноҳияи Шоҳмансур ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ-и ноҳияи Шоҳмансур адои хизмат кардааст.

Аз соли 2016 то соли 2019 вазифаи раиси шаҳри Роғунро ба уҳда дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *