Бингар, ки чӣ мегӯяд

Сайёфи Мизроб, сардабири “СССР”:
-Мегӯед зӯри давлат мерасад? 2х2 асту тамом. Вале агар дар Дастгоҳ инро дарк кунанд. Бо А. Раҳмонзода, мушовири аршади Президенти ҶТ чанд бор мавзӯъро шахсан матраҳ кардам, вале ӯ ба фикрам маро нафаҳмид. Умед аст, ки ҷойгузини ӯ Эмомалӣ Насриддинзода ба умқи масъала расидагӣ мекунад.

-Наметарсед, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода дубора ба вазифаи болотар бармегардад?

Шуҳрат Сайнаков, сароянда:

-То он замоне ки мард муҷаррад аст, бояд ба модар бештар аҳамият диҳад.Вақте ки оиладор ва соҳиби фарзанд мешавад, бояд зан муқаддамтар бошад.

-Агар дузанаю сезана бошад чӣ…?

Абдуқодири Раҳим, рӯзноманигор:

-Бархе аз имомхатибон дар масҷид чунон бо ғазаб ва доду вою нафрат сухан мекунанд, ки кас мепиндорад, ҳамаи намозгузорони ҷамъшуда дузахиянду танҳо ӯ биҳиштӣ аст.

-Хафа нашавед! Агар ҳамсарашон дар хона аз коса оши талхак дода бошад, зӯрашон ба шумо мерасад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *