Гулсифат ШАҲИДӢ, нависандаи тоҷик

— Узв будану набудан (узви ИНТ,- ред.) барои инсони эҷодкор муҳим нест. Дар хориҷа хостанд, маро ба узвият пазируфтанд, дар ин ҷо нахостанд ва қабул накарданд. Муҳим, хонандаам маро қабул кард.

— Зиқ нашавед, муаллима. Шояд таҳлилгарони Иттифоқи нависандагони мо аз хориҷиҳо дида бақувваттар ва талаботашон сахттар бошад. Барои ҳамин…

Лола НАСРИДДИНОВА, мудири созмони «Ирода»

— Мо бо Вазорати тандурустӣ ва пизишкон ҳамкории наздик дорем, дар бораи аутизм нақл мекунем. Бисёр духтурҳо инро мефаҳманд. Падару модарон дигар ҳарос надоранд.

— Беҳтарин аст. Дар бораи дигар бемориҳо низ ба духтурҳо нақл кардан лозим, то ҳангоми табобат мизоҷон имтиёз дошта бошанд.

Маҳбуба ШОҲСАФУЛЛО, роҳбари Анҷумани тоҷикони Ҳоланд

— Пеш аз ба Ҳоланд омадан ман таҷрибаи кор дар Анҷумани муҳоҷирони кории Русияро доштам. Ба парлумони Русия баъзе пешниҳодҳои худро манзур кардем, ки ба нафъи муҳоҷирони тоҷик буд.

— Э, офарин, қандатона занед! Боз мо фикр карда шиштем, ки ин қадар “сабукиҳо” барои муҳоҷирони тоҷик хизмати кӣ бошад!?

Моро пайгири намоед дар Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.