Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Акбар НОЗИМОВ, профессори яке аз донишгоҳҳои Русия
— Аслан, “намедонам” гуфтан ҷойи ору номус нест, хатою нодуруст гуфтан шармандагист. Замоне академикҳои машҳури ҷаҳон дар ҷавоб ба саволҳои донишҷӯён “намедонам” мегуфтанд.
— Ҳаҳаҳаҳ, он замон дигар буд, рафиқ профессор. Дар замони мо академикҳои беҳисобамон ҳама чизро медонанд.
Малоҳат АБДУЛЛОЕВА, актрисаи театру кино ва коргардони дубляж
— Мехоҳам, ки дубляжи тоҷикро на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар Афғонистон, Эрон ва дар ҷойҳое, ки забони форсиро мефаҳманд, тамошо кунанд.
— Намехоҳед, ки дубляши филмҳои тоҷикиро дар Аврупову Амрикову Африқо ва дар ҷойҳое, ки забони англисиро мефаҳманд, тамошо кунанд?
Давлатҷон КОМИЛЗОДА, олими соҳаи парандапарварӣ
— Фарҳанги истеъмоли маҳсулоти ғизоиро ба талаботи замони муосир мутобиқ намуда, истеъмоли гӯшти парандаро васеъ ба роҳ мондан лозим аст.
— Эҳ, эҳ, устод, коре мекунед, ки баъди чунин тавсияҳоятон аз хӯрдани тухм ҳам маҳрум мешавем. Яъне, баръакси ҳамон мақоли “мурғак бихӯр як рӯз, тухмак бихӯр ҳар рӯз” ҳам намешавад…
Шарҳ