Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон

— Мо ватани таърихӣ дорем, ки ҳудудаш хеле бекарон аст ва марзу буми васеъеро дар бар мегирад. Аз шаҳрҳои қадимаи фарҳангӣ то пойтахтҳои басо илмиву адабӣ.

— Акнун, боз коҳи куҳнаро бод накунед, бобо! Сари бедардамонро дар дард намонед, охир!

Рустам ХОҶАЕВ, сармураббии Клуби футболи «Хуҷанд»

— Бо ҳузури худ дар варзишгоҳ бароямон болу пар шавед, то ин ки музаффарият ба даст орем.

— Ҷаноб, раҳмат ба бовариву ихлосмандиятон, вале магар ин гуфтаи Аллома Иқболро нахондаед?:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.              

Ғафурҷон ИРКАЕВ, раиси Ассотсиатсияи фароҳамкунандаҳои алоқаи мобилӣ

— Интернети сусттару гаронтар аз ҳамсояҳо дар Тоҷикистон ба минтақаи куҳӣ будани кишвар рабт дорад. Кишвар дар бунбаст қарор дорад, барои ин дар мо мушкил аст. Ҳудуди 93%-и кишварро куҳсор ташкил медиҳад.

— Ҳмммм. Пас илоҷ чист? Мехоҳед, ки тамоми куҳҳои кишварро ба хок яксон кунем?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *