Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Ӯрун КӮҲЗОД, Нависандаи халқии Тоҷикистон
— Муҳим, албатта, навиштан аст, лекин андешаи дигаре низ ҳаст, ки барои кӣ менависед? Кӣ ба ҳамин навиштаҳои шумо эҳтиёҷ дорад? Ин масъала душвортар аст.
— Ягон душворӣ надорад, Устоди азиз! Шумо нависед, чоп кунед, фақат бо сифати баланд. Мо рафҳои китобмониямонро бо китобҳои шумо зеб медиҳем.
Абдулҳафиз ОДИНАЗОДА, раиси ноҳияи Ҷайҳун
— Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ равона менамояд.
— О, раисбобо, аввал ҳамон корхонаҳои саноатии аз фаъолият мондаи ҶДММ «Милал Интер Ҷоинт», ҶДММ “Ансор групп” ва ҶДММ “Буроқ-2”-ро фаъол кунед, беҳтар нест!?
Абдухолиқ ХОЛИҚЗОДА, раиси шаҳри Панҷакент
— Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси супориши роҳбарияти шаҳр рӯзномаи «Зарафшон» дар бораи вазъи корхонаи консерваи шаҳр мақолаи таҳлилӣ ба нашр расонд.
— Ҳммм, дар асоси супориши роҳбарияти шаҳр бошад, мақолаи таҳлилии чудо зӯр баромадагист. Ёфта, хондан даркор!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ