Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Муқимҷон АБДУЛФАТТОЕВ, роҳбари театр-студияи “Хандинкамон”
— Ман назди чанд нафар барои сарпарастӣ рафта, муроҷиат намудам, вале гуфтаҳоям ҳамоно бедастгирӣ ва бенатиҷа боқӣ монд. Як филмномаи ҳаҷвӣ бо номи “Лона” дорем, аммо барои сабти он маблағ лозим аст.
— Як бор ба Раҳими Ғармӣ ҳам муроҷиат накардед? Ҳоло ҳама ба ӯ муроҷиат карда истодаанд-ку!
Мирзовалӣ ШАРИПОВ, омӯзгор аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
— Як шиму костюмро ду сол мепӯшам, вале ҳар сол барои мактаб як куртаву як пойафзол мехарам. Шиму костюми гаронтарине, ки дар солҳои омӯзгорӣ харидам, 450 сомонӣ арзиш дошт. Пойафзолро то 160 сомонӣ харидаам.
— Ана, мешудааст-ку! Боз муаллимон шиква мекунанд, ки маош барои пӯшонидани хароҷоташон намерасад.
Муҳриддин НИЗОМӢ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат
— Бо пайдо гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои санъати ҳаҷв чандин гуруҳҳои хурди ғайрикасбӣ низ ворид гардидаанд. Ин гуруҳҳо ҷойи санъати касбиро бо саҳнаҳои бемаънию бемантиқ пур намудаанд.
— Як бор таҳлил карда бароед, боз аъзои ҳамон гуруҳҳо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъатро хатм накарда бошанд…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ