Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Дилрабо САМАДОВА, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”

— Имсол донишҷӯёни соли охири донишгоҳҳо ба мо муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод кардаанд, ки ба хидмат раванд ва дипломашонро хоҳанд гирифт.

— Пешниҳоди хуб ку! Солҳои пеш донишҷӯён орзу мекарданд, ки онҳоро ба “маршировка” ҷалб кунанд, то имтиҳонҳои ҷорияшонро бидуни ҷавоб додан ба суолҳо, ҳамту монанд…

Фарид ҲАЙДАРӢ, пизишк, паноҳандаи афғонистонӣ дар Тоҷикистон

— Духтур ҳар ҷое, ки меравад, инсонро табобат мекунад. Агар кор накунем, аз қофила пас мемонем. Ҳар кадоме: тадрис ё табобат бароям фароҳам шавад дар Тоҷикистон, алоқа дорам, ки кор кунам.

— Ба фароҳам шудан мешавад, аммо аз давоми коратон нигаронем, оғоҷун. Духтурҳои тоҷик низ инсонро табобат мекунанд ва дар рақобат ҷудо ҳам зӯранд.

Барзу АБДУРАЗЗОҚОВ, коргардони шинохта ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

— Ман рӯзи дуввуми январ барои таҳияи намоишнома ба Алмаато рафтам. Рӯзи севвуми январ инқилоби онҳо сар зад. Дар паси тирезаи хона тирпаррониву сӯзонидани мошинҳо рӯй дод.

— Ииии, тавре сухан мегӯед, ки гӯё муқассири инқилоби январии Алмаато маҳз шумо бошед… Дақиқтараш, кадом намоишномаро бояд таҳия мекардед?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *