Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Абдулло РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш
— Мо ба Расул Боқиев муроҷиат карда, гуфтем, баргардед, мо шароит фароҳам меорем, аммо Расул Боқиев гуфт, не, ман ин ҷо — дар Русия шароит сохтам ва ин ҷо мемонам.
— Амали нек анҷом додаед, раис, аммо ӯ ҳам дуруст гуфтааст. Монед ҷойи гармашро хунук накунад. Боз аз он ҷо мондаву аз ин ҷо ронда нашавад. Куҷое бошад, тоҷик буданаш кофист.
Гулнора ҲАСАНЗОДА, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
— Имрӯз дар Тоҷикистон 19 ҳазор ҷойҳои кории холӣ ҳаст. Дар сохмтони НБО “Роғун” ба зиёда аз 2 ҳазор нафар коргарони ихтисосҳои гуногун ниёз доранд. Ситод оид ба ҷалби кадрҳо ба сохтмони НБО “Роғун” таъсис дода шудааст.
— Эҳа, ҷойи кори холӣ хело зиёд будааст ку! Ё гуфтаниед, ки шумораи бекорон каманд ва барои ҳамин ҷойҳои корӣ холӣ мондаанд?
Бахтиёр ҚОСИМОВ, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд
— Минбаъд ҳар моҳ ду маротиба сурудҳои сарояндаҳо дар Шӯрои бадеӣ, ки роҳбари он муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ аст, мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Агар матн ва оҳанг хуб бошад, баъд барои пахш дар телевизиону радио иҷозат дода мешавад.
— Хуб дарк накардем шуморо, рафиқ сардор, сурудҳои сарояндаҳои саросари кишвар баррасӣ мешаванд, ё фақат аз вилояти Суғд? Манзур ин ки, Шӯрои бадеӣ набояд тобеи Вазорати фарҳанг бошад?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ