Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Хайрулло ДАВЛАТОВ, рассом, ҳаҷвнигор, ҳунарманди театр
— Бештар майл дорам ба тасвири табиати зебо ва чеҳранигорӣ. Бо хоҳиши дӯстону рафиқон барояшон чеҳранигорӣ мекунам ва ё барои завқу дилам манзараҳои зебои диёрамонро тасвир менамоям.
— Агар махфӣ набошад, дӯстону рафиқоне, ки хоҳиш мекунанд, барои заҳмататон ягон сомонӣ ҳақи қалам медиҳанд? Агар не, тасвири манзараҳои зебои диёрамон беҳтар аст.
Сабоҳат НУРОВА, омӯзгори фанни «Маърифати оиладорӣ»
— Духтардорон пеш аз он ки духтарашонро ба хонаи бахташ гусел мекунанд, дар қатори ҷиҳози арзанда ба гўши фарзанди худ ҳалқа кунанд, ки ту бояд созандаи зиндагии худат бошӣ!
— Эҳааа, як гапҳои аҷоибе мегӯед ки, муаллима! Бовари кӣ меояд, ки духтарҳо ба ҷои тиллову нуқраву брилиант панду насиҳатро ҳалқаи гӯш кунанд?…
Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
— Ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки фармони аз кор рафтанамро роҳбарият бароварда бошад. 6-7 сол дар як вазифа кор кардед, бас аст, бояд дигар кас кор кунад. Потенсиал, андеша ва назаратро гуфтӣ, реформа кардӣ, бас аст.
— Акнун ки аз кор истеъфо додед, шояд бисёр нафарон хурсанд шуданд. Ба он хотир, ки дигар ҳар замон чунин таъкид намешунаванд: “Китоб хон!”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ