Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Абдукарим МАШРАБ, ҳунарманди театр ва кино
— Театр баъзе маҳдудиятҳои худашро дорад. Масалан, ман агар ҳамин сол дар ягон намоиш банд шаваму нақш офарам, бо гузашти 10-15 сол ман ин нақшро иҷро карда наметавонам, чунки синну сол мутобиқат намекунад. Дар филм бошад, як бор сабт шуд, тамом.
— Пас, театрҳоро барҳам додан лозим аст? Агар не, намешавад, ки нақшҳоро омода кардан гиреду чун вақте замонаш фаро расид, нақшро ба ягон ҳунарманди синну солаш мутобиқ тақдим намоед?
Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила
— Шикваи занро аз шавҳар ё баръакс, хушдоманро аз арӯс ё баръакс, қудову андаро аз хонаводаи қудову андаи дигар ва муроҷиатҳои ба ин монандро пазируфтан ва ҳал кардан мумкин, вале, вақте ки модар ё падар аз фарзанд шикоят меорад, даҳшат аст.
— Дуруст аст, чунин ҳолатҳо зиёданд. Аммо, шояд бисёриҳо интизори посух ба чунин суол бошанд, ки оё Кумитаи кор бо занон ва оила қудрати ба таври мусбат ҳал кардани ин қабил “даҳшатҳо”-ро дошта бошад?
Илёс МАМАДҶОНОВ, омӯзгори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ
— Бисёр мехоҳам, ки асарҳоямро дар дохил намоиш диҳам. Шумо медонед, ки ҳамин Камолиддини Беҳзод, ки мо бо наққоши тоҷик буданаш ифтихор мекунему номаш ба Осорхонаи миллӣ дода шудааст, ҳеҷ як намунаи асарашро дар Тоҷикистон надорем?
— Дидед, бузургиро? Аз ин нуқтаи назар ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки масалан шумо ҳам бидуни намоиши асарҳоятон метавонед дар оянда лоиқи ифтихори мо гардеду ягон осорхонаро ба номатон гузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ