Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Кароматулло МИРЗО, Нависандаи халқии Тоҷикистон
— Дуои Ҳабибулло Назаров Ато Ҳамдамро рӯзноманигор ва сардабири маъруф, нависанда ва драмматурги шинохта, ходими содиқи давлатӣ ва нахустин вазири фарҳанги бофарҳанг кард. Имрӯз Ато Ҳамдам сараш баланд ва виҷдонаш дар назди худ, халқ ва ватанаш ором аст.
— Эҳа, устоди азиз, магар баъд аз давраи вазирии Ато Ҳамдам то имрӯз дигар вазирони фарҳанг бофарҳанг нестанд!? Ё манзуратон “бофарҳангтар” гуфтан аст?
Амал ҲОФИЗОВА, сарояндаи ҷавони тоҷик
— Вокал маънои ҳаёти ман аст, аммо ба ҷуз аз сарояндагӣ бо нуҷум ва кортҳои таро низ шуғл дорам. Тарои ман бештар дар заминаи равоншиносӣ мебошад, зеро ба ҳар гуна фолбинӣ ва тасаввуф бовар надорам.
— Ҳама мисли шумо не-дия! Баъзеҳо ба фолбиниву фолбинҳо аз худашону Худо дида зиёдтар бовар мекунанд. Барои ҳамин, дудаста аз домони вокал доред, беҳтар аст.
Муллозуҳур ТОҲИРӢ, табиби дилшинос, руҳшинос ва гиёҳпизишк
— Маблағ муаммои саломатии инсонро ҳал намекунад. Масалан, ман чор мошин доштам. 5 сол инҷониб бошад, мошин надорам. Охирон мошинамро вайрон карда арғунчак сохтам. Ҳамин мошинҳо маро касал карданд.
— Ииии, агар ки маблағ муаммои саломатии инсонро ҳал накунад, чаро мошинҳо шуморо касал мекардаанд? Ё ҳар чор мошинатон бе маблағ буданд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ