Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Қоҳир РАСУЛЗОДА, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

— Дар гардиши савдои хориҷии кишвар дар соли 2022 ҳиссаи савдо бо кишварҳои узви ИИАО 42 фоизро ташкил дод. Гузашта аз ин, мо омода ҳастем, ки минбаъд содироти маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, металлҳои ранга ва нодирро ба кишварҳои ИИАО зиёд кунем.

— Гардиши савдо барои рушди кишвар хуб аст, аммо хоҳиш, талаботи дохилӣ низ хусусан ба маҳсулоти кишоварзӣ бояд ба назар гирифта шавад. Моҷарои пиёзро ҳамаамон дар ёд дорем.

Акмал ҚОДИРОВ, устоди дараҷаи байналмилалии варзиш

— Барои бо варзиши дастхобонӣ машғул шудан тамрингоҳи васеъ ё таҷҳизоти варзишии зиёд лозим нест. Як мизи варзишӣ барои дастхобон кофӣ аст. Айни замон ду шогирди мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори мақомҳои намоён гардидаанд.

— Ана, дидед, бобо, агар тамрингоҳи васеъ ва таҷҳизоти зиёди варзишӣ медоштед, ба ҷойи ду нафар даҳҳо шогирдонатон соҳиби мақомҳои намоён мегаштанд.

Каримҷон ШУКӮҲӢ, фарзанди шоири машҳур Аминҷон Шукӯҳӣ

— Пас аз як соли марги падарам мо аз сабаби он ки шароити хуби нигоҳдории дастхату нигоштаҳояшро надоштем, ҳама бойгониашро ба Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик супоридем. Аммо дар он ҷо бойгонии Аминҷон Шукӯҳӣ “сӯхт”.

— Дурусттар таҳаффус кунед, шояд насӯхта бошад. Шояд ягон номзади илм ва ё муҳаққиқ дастхатҳои падаратонро барои таҳқиқ бурда бошаду баъдан баргардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *