Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Саидмукаррам АБДУЛҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ

— Агар мо барои дастархонороии идона иқдом нагирем ва дастархони маънавӣ ташкил намоем, зарурати ба бозор рафтану бо нархҳои гарон маҳсулот харидан намемонад. Ҳол он ки, дар чунин вазъи ҳаво ҳама гуна маҳсулот зуд вайрон мешавад.

— Ҳаҳаҳаҳ, домуллои муҳтарам, шумо бо ин андешаатон тоҷирони яхдонфурӯшро аниқ ба шӯру ғазаб меоред. Гузашта аз ин, акнун дар бораи чигунагии “дастархони маънавӣ” фикр кардан лозим…

Садбарг САЛИМОВА, рӯзноманигор, адиб, омӯзгор ва шерозадӯз

— Фарзандони падар медиданд, ки бо хондани китоб бандем, косаи хӯрок ё пиёлаи чойро аз наздамон пинҳонӣ мегирифтанд ва чун сар аз китоб мебардоштем, медидем, ки дар наздамон чизе нест. Чунин хотираҳои нек дорем аз китобхонии хеш дар ҳалқаи аҳли оила.

— Насли имрӯза чанд сол баъд чӣ мегуфта бошанд? Шояд хотираҳояшонро чунин варақгардон кунанд: “Фарзандони падар медиданд, ки бо телефони мобилӣ, бо “Тик-ток”-у “Одноклассники”… бандем…”.

Давлаталӣ САИД, раиси вилояти Хатлон

— Мефаҳмам, маблағгузорӣ маҳдуд аст, вале метавон гирду атрофи ёдгориҳои таърихиро тозаю озода нигоҳ дошт. Вилояти Хатлон имкониятҳои зиёд дорад. Мо бояд фазои беҳтар барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бисозем.

— Кош ҳама ин ҳавасу хоҳиши шуморо медоштанд, раис! Кошкӣ назари дигар масъулини сатҳҳои гуногуну мақомоти мухталиф ҳам ба соҳибкорону ҷалби сармоя чунин некбинона мебуд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *