Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Султон УСМОНОВ, режиссёр
— Театр бояд кори театрии худашро кунад. Театр бояд аз тамошобин ду қадам пештар бошад. Сатҳи намоишҳоямон агар хуб бошад, чӣ фоҷиа аст, чӣ комедия аст, ҳатман тамошобини худро пайдо мекунад. Мо корамонро хуб анҷом надода истодаем.
— Эҳааа, мо дар фикри ақаллан як қадам пештар будани театрему шумо дар бораи ду қадам чақ-чақ доред! Дар мавриди кори театрӣ бошад, рост мегӯед, ҳар кас бояд кори худашро кунад!
Бахтиёр АКСАКАЛОВ, гиторнавоз ва танзимгари ҷавон
— Шод мешавам, агар аз ҳамсолонам рақибе пайдо кунам… Агар аз аввал танҳо сабки хориҷиро нусха карда менавохтам, дақиқ буд, ки наметавонистам аз ин ба баъд услуби худро дарёбам. Нафаре, ки касби худро эҳтиром намекунад, ҷойи пешравӣ ақиб меравад.
— Дар гумон аст, ки ин орзуятон ҷомаи амал пӯшад. Агар рэпсаро мешудед, баъд метавонистед дар бораи рақиб гап занед ва ҳатто бо рақибонатон умуман баробар шуда наметавонистед.
Ҳасан ҶУМАЕВ, кандакор
— Ман 4 сол дар толори “Гулистон”-и Кохи Наврӯз кор кардам. Аксарияти наққошиҳои ин толор ба эҷодиёти ман тааллуқ доранд, вале мутаассифона номам дар ҳеҷ ҷо нест… Як асар тақрибан дар як сол эҷод мешавад, вале қимати он мувофиқ ба заҳмати яксола пардохт намешавад.
— Парво накунед устобобо! Ҳаминаш хуб аст, ки номатон нест ва мардум наққошиҳоро дидаву пурсуков мекунанд, ки муаллифаш кист? Муаллифро ёбанд, ҳақи заҳмататонро мегиред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ