Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ҳафиз РАҲМОН, донишманди тоҷик

— “Шоиру нависанда эҷод мекунад ва ҷомеа он таълифотро қабул менамояд ва ё намепазирад. Яъне офаридгори ҳар асар муаллифаш аст ва офаридгори тақдири он — ҷомеа”. Тақрибан ҳамин гуна назар дорад Виктор Ҳуго, адиби номвари франсавӣ.

— Ҳааа, ана гап дар куҷо будааст! Маълум мешавад, ки аксари шоиру нависандаҳои мо ҳам офаридгори таълифот ва ҳам офаридгори тақдири таълифоти худ будаанд!

Шукрулло НАБИЕВ, тоҷики муқими Дубай

— Аз Россия дида барои ман ҳазор маротиба Дубай хуб аст. Хӯрокро дар вақту соаташ медиҳанд. Маошро бошад, то ҳол дер надодаанд, ҳамчунин ягон маротиба кам нагирифтаам. Агар дар вақти кор ягон хато кардӣ, ҳеҷ гоҳ ба сарат дод намезананду ҷарима намебанданд.

— Ба пеш, рафиқ, ба пеш! Чунин ҷойи корро аз даст надиҳед! Чунинашро аз куҷо меёбед, ки ҳам хато кунеду ҳам хӯроку маошро дар вақту соаташ диҳанд? 

Сулаймон САФАРОВ, қаҳрамони “Ишқ-Пул-Душанбе”

— Дар нақше риши дарози семетра доштан лозим меояд ё дар як қисми дигари филм нохуни дарози дарунаш ифлос бояд бошад. Алҳол ба як лоиҳаи бузург даъват шудааму нақшеро ба ман гузоштаанд, ки дар он бояд мӯйи сар ва риши дароз дошта бошам.

— Ҳммм, “ояндаам вазнин аст” гуфтан гиред. Хайр, ба ҳар ҳол, аз шумо нохуни дарози дарунаш ифлос талаб накардаанд. Агар талаб кунанд, метавонед нохуни сунъӣ гузоред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *