Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот

— Мутахассисони кумита оид ба барномасозӣ беш аз 2 сол дар таҳияи барномаи танзимоти Mozilla Firefox кор карда, дар ниҳоят ба комёбӣ ноил гардиданд. Забони тоҷикӣ бо чунин барномаи интернетӣ тавонмандӣ ва имконоти воқеии худро дар ҷаҳон нишон медиҳад.

— Офарин раис, муборак бошад! Mozilla Firefox-ро “Рӯбоҳи ҷилодор” тарҷума кардаву бисёриҳоро дар ҳайрат гузоштед. Акнун як зӯри дигар зада, хатоҳои овезаҳоро ислоҳ кунед, нуран алонур мешавад.

Абдуҷаббор ЮСУФЗОДА, директори Агентии хоҷагии ҷангал

— Агентӣ аз ҳисоби иҷозатномаи шикор ба буҷаи ҳукумат дар ин шашмоҳа 19,2 ҳазор сомонӣ ворид кардааст. 174 нафаре, ки иҷозатномаи шикорро гирифтаанд, метавонанд мурғобӣ ва хукҳои ёбоиро шикор кунанд ва он ҳам бошад, танҳо баҳору тирамоҳ.

— Оҳ, шумо доно! Медонед, ки шумораи хукҳои ёбоӣ кам асту шикорчиҳоро “бузакбозӣ” меандозед ҳа? Агар ин тавр нест, пас чаро зиёдтар иҷозатномаи шикори моҳиро намедиҳед?

Ҷамшед ҒАНИЗОДА, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн

— Давоми соли ҷорӣ 10 нафар донишҷӯ ҳамроҳи 2 нафар омӯзгори донишкада бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо ëдгориҳои таърихии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристода шудаанд.

— Як маслиҳат, муҳтарам ректор. Агар дар мавриди шиносоӣ пайдо намудан бо ёдгориҳои дигар давлатҳои гуногун тасмим мегирифтед, шояд ҳама довталабон донишкадаи шуморо интихоб мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *