Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Хусрав ДАМОНЗОДА, раиси ноҳияи Варзоб

— Дар деҳаи Фанфароқ, ки масофааш аз маркази ноҳия 8 км аст, як шаршараи зебо аст. Ин хатсайр барои пиёдагардӣ бисёр хуб аст. Инчунин, барои сокинони шаҳр, ки хаста мешаванду мехоҳанд дар табиат истироҳат кунанд, тамошои мавзеи мазкур роҳатбахш аст.

— Ҳаҳаҳаҳ, муҳтарам раис, шояд ҳамон деҳаи Фанфароқи гуфтаатон ягон роҳи обод надоштагист-ҳа!? Агар ҳамин хел бошад, ҳар касе, ки пиёда меравад, дар болои санг ҳам хобаш мебараду истироҳат мекунад.

Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон

— Аслан вазифаи адабиёт тарбияи инсон аст, инсонро дар ҳамон мартабаи инсониаш нигоҳ доштан аст. Мо борҳо шоҳид шудаем, ки дар ин замон ва дар замонҳои гузашта, агар инсон аз меҳвари худ берун равад, аз тамоми навъи вуҳуш ваҳшитар мешавад.

— Устоди азиз, агар адабиёт ҳамин қадар вазифаву нақши бузург дошта бошад, метавонед мушаххас аз нафароне ном баред, ки ё дар гузашта ё ҳозир аз меҳвари худ берун рафтаву ба олами вуҳуш наздик шуда бошанд?

Сино ҲОТАМӢ, шоҳмотбози ҷавони тоҷик

— Бобоям шоҳмотбоз буданд ва аз ҳамон давра дар хонаводаи мо бозии шоҳмот ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти мо табдил ёфтааст. Мо мехоҳем истеъдоди худро сайқал диҳем ва ба дигарон ҳам омӯзонем. Чунки шоҳмот — ин варзиши ақл аст ва ҳар кас бояд онро балад бошад.

— Ҳммм, яъне нафароне, ки бозии шоҳмотро балад нестанд, беақланд? Ё шумо, ки бозии шоҳмот бароятон аллакай касб аст ва шояд аз пушти он маблағи зиёд ба даст меоред, аз рӯйи дӯстдорӣ чунин сухани риторикӣ гуфтед? 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *