Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, вазири тандурустии Тоҷикистон

— Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷҳои тиббӣ тибқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

— Офарин, ҷаноби вазир! Бисёр кори арзандаву саривақтӣ аст. Аз хотир набароред, ки бисёр кишварҳои ҷаҳон ниёзманд ва талабгори кадрҳои тиббии моянд. Шумо заминаро беҳтар сохтаву кадрҳоро омода намоед, дигар худашон роҳашонро меёбанд.

Шонеъмат ҶАЪФАРХОНОВ, овозхони ҷавони тоҷик

— Ман суруди писандидатаринро интихоб карда наметавонам, зеро ҳама сурудҳоям мисли кӯдаканд, барои ман хеле азизанд. Ман ҳар яке аз онҳоро дӯст медорам.

— Шуморо фаҳмидан мумкин. Барои ҳамин, як бор ақаллан аз 10-12 нафар бипурсед, ки кадом суруди шуморо меписанданд, ки барояшон хеле азиз бошад!? Баъди ин маълум мешавад, ки чанд нафар “кӯдакдӯстдор”-анд…

Бӯрӣ КАРИМ, донишманди сиёсатмадори тоҷик

— Падари ман мегуфт, ки “писарам, дарахт дар як ҷо месабзад, бояд як ҷо кор кунед, аз таҳти дил кор кунед. Шумо барои он кор накунед, ки касе мебинад”.

— Ҳмммм, ана акнун маълум шуд, ки барои чӣ касе натиҷаи ягон коратонро надида истодаасту ягон нафар дар мавриди фаъолиятҳоятон ёдоварӣ ҳам намекунад. Маълум мешавад, ки мисли бисёриҳо дар як ҷо ва “аз таҳти дил” кор карда истодаед. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *