Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ашӯралӣ ҶАЛИЛЗОДА, раиси ноҳияи Деваштич

— Бебарқӣ воҳимаи деҳқонон аст, дар асл рӯзона ду соат барқ хомӯш мешаваду халос. Хомӯшии барқ ба лимит вобаста нест. Насосҳои обкашӣ, ки бо қувваи барқ кор мекунанд, дар натиҷаи ба шиддат тоб наовардан як муддат кор намекунанд.

— Оҳ, деҳқонҳои бесавод-е! Дарк накардаанд, ки “ба шиддат тоб наовардани қувваи барқ” гуфтанӣ гапҳо ҳаст, вагарна аз пайи ёфтани роҳҳои бодӣ кардани насосҳо мешуданд.

Мунира ЗОИРОВО, ҳунарманди театр

— На ҳар кас тоқати лӯхтакронӣ дорад. Лӯхтакро ҳам бардоштан ва ҳам бо он бозӣ кардан даркор аст. Образи зиндаи онро офарида тавонистан лозим аст. То хоҳиш надошта бошӣ, лӯхтакро бозӣ доронда наметавонӣ.

— Эҳа, ҳоло аз бисёр чизҳо бехабар будаед… Баъзеҳо лӯхтакҳоро чунон бардоштаву бозӣ мекунанд, ки дар ҳайрат мемонед. Ё хоҳиши офаридани образи зиндаи лӯхтакҳои сиёсиро надоред?   

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

— Дар донишгоҳ соли гузашта 1949 нафар ҷавонписарону духтарон аз 24 давлати дунё таҳсил карданд, ки ин назар ба як соли пеш 437 нафар зиёд аст. Соли 2021 дар донишгоҳ 1495 нафар донишҷӯён аз 16 кишвари ҷаҳон таҳсил мекарданд.

— Ана гап дар куҷо будааст… Шояд ҳаминҳо баъди хатми донишгоҳ кадрҳои моро ҷалб кардаву аз қафояшон кашон-кашон ба давлатҳои худ мебаранд!?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *