Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ҳафиз РАҲМОН, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

— Табиист, ки агар марди сахӣ кори хайре карданӣ шавад, аз чанд зиёӣ маслиҳат мегирад, аммо тангии майдони тафаккури бархе зиёиён имкон намедиҳад, ки эҳсонкорон берун аз масоили обу ғизо тадбире роҳандозӣ кунанд.

— Зиёиён он қадар кори бад ҳам накарда будаанд. Эҳсонкорон ҳатто агар дар доираи масоили обу ғизо ҳам тадбир андешанд, ба фоидаи зиёиён аст. “Шиками сер — қуввати кор” мегӯянд ку!

Малика БОЙМИРЗОЕВА, корманди як ширкати қаннодии Олмон

— Барои гузаштан аз такмили ихтисос ва гирифтани унвони «chef» бояд 15 ҳазор евро пардозӣ, вале роҳи дигар ҳам ҳаст, ки ин маблағро давлат мепардозад. Хушбахтона, ман аз ин роҳ ба такмили ихтисос меравам. Ҳар нафаре, ки унвони «chef»-ро надорад барои бунёди корхона ҳақ надорад.

— Ба ватан биёед, инҷо барои бунёди корхона унвони «chef» лозим намешавад. Худро «chef» тасаввур кардан гиред.

Абдувоҳиди ЗЕВАР, шоир ва рӯзноманигор

— Пеш аз он ки як нафар газетхон шавад, ӯ кӯдак аст. Кӯдак дар кӯдакӣ агар газетаи худро нахонаду одат накунад, аз куҷо фардо рӯзномахон мешавад? Иттифоқи журналистони мо имрӯз нисбат ба нашрияҳои кӯдакона бояд бештар таваҷҷуҳ кунад.

— Биёед ҳоло Иттифоқи журналистонро як тараф монеду бигӯед, ки оё ҳамаи он калонсолони мо, ки газет намехонанд, дар “дунёи кӯдакӣ” дармондаанд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *