Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Абдунабӣ САТТОРЗОДА, раиси Бунёди «Рудакӣ»

— Зиндагӣ рушд мекунад, замона ва ҷомеа тақозоҳои нав ба нав ба миён мегузоранд. Барои пешрафт ва қонеъ гардонидани онҳо бояд масъала ва мушкилоте, ки имрӯз вуҷуд доранд, ҳал карда шаванд.

— Ҳамин фикрҳоятон бисёр забонзада ба гӯш мерасанд, устод! Бисёриҳо чунин ҷумлаҳоро ба забон меоранду аз мушкилот меноланд, аммо аз чӣ бошад, роҳи ҳалро нишон намедиҳанд. 

Фаррух АВЕЗОВ, пизишки бошгоҳи “Истиқлол”

— Ба шогирдонам гуфтаниям, ки табибе шаванд аз устодашон беҳтару хубтар. Зинҳор аз адои маъулият наҳаросанд, ҳамеша дар омӯзиш бошанд. Умедворам, ки ифтихорам мешаванд.

— Табиби аз устодашон беҳтару хубтар шудани шогирдонатон дар гумон аст, вале умедвориятон аз онҳо, ки шояд рӯзи боиси ифтихоратон гарданд, лоиқи ситоиш аст. 

Шаҳбоз ШАРИПОВ, рэпери тоҷик

— Бачаҳо, контенте таҳияву нашр кунед, ки пас аз чанд сол худатонро дида, шарм надоред. Фарзандонатон аз корҳои шумо сархам набошанд. Ман то ҳол аз рэпҳое, ки дашном доштанд, шарм медорам.

— Манзуратонро нафаҳмидем, рафиқ. Рэпҳои худатонро дар назар доред ё аз рэпсароёни дигарро? Масалан, худатон ҳам кам-кам аз ҳамин қабил рэпҳои ба қавле “боб” мехондед ку!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *