Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Зоирҷон ИБОДУЛЛОЕВ, роҳбари КАТС-и шаҳри Турсунзода
— Тахассуснокии кормандон самти афзалиятноки соҳа буда, таҳти назорати доимӣ қарор дорад ва ба ин васила дар омӯзонидани мутахассисони ҷавони лаёқатманд чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
— Офарин ба ҳиммататон! Агар чанд чораи зарурии андешидаатонро номбар мекардед, чандин кормандони тахассуснок ҳаваси кор кардан дар коргоҳи шуморо мехӯрданд.
Саидқул БИЛОЛОВ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
— Ҳоло вақти дарави умри камина расидааст, то куҷо рисолати худро иҷро карда тавонистам, инро халқ қазоват мекунад, вале “пушаймон нестам аз умри полида, ба пирӣ мерасам аз хеш болида”.
— Аз ҳоло дар тараддуди “дарав” нашавед-да, устод! Аз чеҳраву андоматон маълум, ки ҳоло бисёр корҳоро бояд анҷом диҳед, масалан масъулити тарбияи шогирдонро ба дӯш бигиред…
Шодӣ САФАРОВ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
— Донишкада имрӯз ба ҳама духтарони донишҷӯ аз навоҳии дурдасти кишвар ба таври ройгон хобгоҳи махсус ҷудо кардааст. Раёсати донишкада ба таври доимӣ аз аҳволу таҳсили духтарон воқиф аст.
— Коре накунед, ки ин тавсифатон бар зарари кори донишкада шавад боз? Мабодо ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳам мисли дигар донишгоҳу донишкадаҳо духтарони зиёд ҳуҷҷат супоранд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ