Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Саттор ҚУВВАТОВ, омӯзгори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво
— Мушкилоти шахсони ношунаво бениҳоят зиёд аст. Аввалан онҳоро дар ташкилоту корхонаҳо ба кор қабул намекунанд. Дигар ин ки, дар мо тарҷумонҳои имову ишора нест, ки ба онҳо ройгон хизмат кунад.
— Мушкилоти шахсони ношунаво дарди ба хайр. Дар ташкилоту корхонаҳо ёфт мешаванд кормандоне, ки худро ба ношунавоӣ мезананд. Барои ин тоифа ҳам тарҷумон лозим аст?
Маҳина ПОДШОЕВА, духтури бемориҳои занона
— Дар Маркази тиби бароҳати «Тропикана»-и шаҳри Серпухов кор мекунам. Дар ин ҷо на танҳо ба шаҳрвандони Русия кумак мерасонам, балки аз ҳамватанони тоҷикистониям низ бо хушнудӣ пуштибонӣ мекунам.
— Ба хотири реклама шуда, боз коре накунед, ки ҳама занҳои ниёзманди тоҷик аз хидматгузориҳои марказҳои тиббии худӣ даст кашидаву рӯй ба Серпухов оранд!?
Тайибиддин МУХАММЕДОВ, сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Исфара
— Барои он ки соҳаи тиб дар Исфара боз ҳам рушд кунад, бояд масъалаҳои таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо табибон ва ҷудо намудани қитъаҳои наздиҳавлигӣ барои табибонро ҳаллу фасл намоем.
— Офарин, ки дар мавриди вазъи иҷтимоии табибон ҳам фикр мекунед. Аммо, масъалаи ҷудо намудани заминро ҳал кунед, масъалаи таъмини муассисаҳо бо табибон худаш ҳал мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ