Биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумат

Сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ қомат хоҳанд афрохт.

Барои сохтмони ин ду бинои боҳашамат Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми 1,5 миллиард юан баробар ба 220 миллион доллари ИМА кумаки бебозгашт ихтисос додааст. Биноҳо бисёр боҳашаматанд, масоҳати ҳар кадомашон аз 42 то 44 ҳазор метри мураббаъ аст ва муҳлати сохтмонашон то се–чаҳор солро дар бар мегирад. Баландии бинои нави Парлумон 49,7 метр, баландии гунбази он 70 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 42 ҳазору 874 метри мураббаъро ташкил хоҳанд дод.

Бинои нави Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ дар майдони 10,27 гектар бунёд шуда, аз як бинои 15-ошёна барои дастгоҳи Ҳукумат ва ду бинои 13-ошёна барои идораҳои тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иборат хоҳад буд.

Майдони “Истиқлол”

Масоҳати умумии майдони “Истиқлол” 30 гектар, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад. 

Он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад. Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад. Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад. Он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша мавриди истифода қарор дода мешавад.

Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, №720 Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамчун фармоишгари формалии “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” муқаррар гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба анҷом расида, санади комиссияи давлатии қабули иншоот бо ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №257 тасдиқ карда шудааст. Айни замон ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 «Дар бораи аз тавозуни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани иншооти «Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе» корҳо идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *