Бинои имдодгарони КҲФ баъди таъмири пурра ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода супурдани бинои пурра таъмиршудаи Раёсати ҷумҳуриявии таъиноти махсуси ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои КҲФ, ин бино тибқи лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва эътино”, ки моҳи сентябри соли 2016 миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ имзо шуда буд, таъмир шудааст.

Дар маросими ба истифода додани бино роҳбарони Кумита, Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар ҶТ ҷаноби Ленни Монтиел, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Аики, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Ҷонишини раиси КҲФ, полковник С. Исозода зимни суханронии худ ба шарикон барои дастгирии раванди бозсозиву таъмиру тармими бино изҳори сипос намудааст. Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки бидуни шак ин тадбир ҳатман ба самароварии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ва расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда кумак хоҳад кард.

Маврид ба ёдоварист, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар он синфхонаҳои махсусгардонидашуда, гаражҳо, утоқҳои кории кормандони воҳиди наҷот мавҷуд аст.

— Меҳмонон баъди анҷоми маросими таҳвил аз бино дидан карданд, вориди утоқҳои корӣ шуданд ва таҷҳизоти наверо, ки дар утоқҳо гузошта шуда буд, тамошо карданд. Утоқҳои корӣ муҷаҳҳаз бо  бо куллияи таҷҳизоти лозим мебошанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ меҳмонон бо техникаву таҷҳизоти махсусе, ки дар Раёсат мавҷуданд, шинос шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *