Бинои нави филиали ДБССТ дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд (аксҳо)

Дар шаҳри Левакант бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.

Бинои нави филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз рӯи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,55 гектар сохта шудааст.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бинои таълимӣ барои 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 4 марказ, аз ҷумла Маркази таҳқиқотии иқтисоди “сабз”, Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С муҳосибот мебошад.

Бунёди меҳмонхонаи таълимӣ, сервиси тарабхонавӣ ва тарабхонаи таълимӣ бо тамоми дастгоҳу аёниятҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз, китобхонаҳои илмӣ — электронӣ бо махзани ғании адабиёти бадеиву соҳавӣ ва толорҳои хониш бо 120 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва ошхона мутаносибан бо 500 ва 130  ҷойи нишаст аз имкониятҳои дигари иншооти нав аст.

Парки технологӣ ва филиали институти илмӣ – тадқиқотии донишгоҳ дар бинои нав аз бахшҳои дигари филиал аст, ки бо мақсади татбиқи донишҳои назариявии донишҷӯён дар амалия ва амиқтар омӯхтани илмҳои муосир дар доираи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷойгир карда шудаанд.

Ҷараёни таълим дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯйи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаю барномаҳои давлатии таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар филиал имрӯз беш аз 930 нафар аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла сайёҳат ва осоишгоҳи табобатӣ, хадамоти гумрук, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ ва идораи давлатӣ ба таҳсил ҷалб гардидааст.

Донишгоҳ имрӯз бо беш аз 160 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷӣ, инчунин ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкориҳои судманд дошта, бо мақсади баланд бардоштани маҳорату савияи тахассусӣ табодули академии омӯзгорону донишҷӯёнро роҳандозӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *