Бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ ифтитоҳ ёфт
Имрӯз, 16-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайянгардида бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ 12 ҳуҷраи корӣ дошта, барои 40 нафар корманди соҳа пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва компютер пурра таъмин гардидаанд.
— Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 90 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла курсиҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин ҷо гузаронида шаванд. Ҳамчунин дар ин бино меҳмонхонаи хурд таъсис дода шудааст, ки аз 3 ҳуҷра иборат буда, бо рахти хоб таъмин гардидаанд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки масоҳати умумии бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ беш аз 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ