БИР барои рушди маорифи Тоҷикистон қарз медиҳад

Байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд 4 созишнома дар бахши рушди соҳаи маориф ба имзо расид.

Созишномаҳоро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ ба имзо расониданд.

Мақсади маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» — ин мусоидат баҳри беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим мебошад.

Арзиши созишномаҳо 70 млн долларро ташкил намуда, 45 млн доллар аз ҳисоби маблағҳои қарзии имтиёзноки Бонки Исломии Рушд ва 25 млн доллар аз ҳисоби гранти Фонди Шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот, ки тавассути Бонки Исломии Рушд маъмурӣ кунонида мешавад, маблағгузорӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *