Бишкек омода аст бо Тоҷикистон ҳудудҳоро иваз кунад

Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки ба манзури ҳалли мушкилоти марзӣ кишвараш омода аст бо Тоҷикистон ҳудудҳоеро табодул кунад.

Бино ба гузориши хабаргузории АКИпресси Қирғизистон, Президенти Қирғизистон дар нишасти хабарии солона дар шаҳри Бишкек таъкид кардааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш масоили марзиро борҳо баррасӣ кардааст.

“Мавқеъи мо мушаххас аст- ин мушкилро аз роҳҳои дипломатию музокирот ва бо дарназардошти манофеъи тарафҳо ҳал хоҳем кард. Аз ҷумла, Қирғизистон омода аст бо Тоҷикистон минтақаҳои баҳсиро табодул кунад”-гуфтааст  Сооронбой Ҷеенбеков.

Ҳоло вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин пешниҳоди Президенти Қирғизистон маълум нест.

Интизор меравад дар авохири моҳи декабри соли ҷорӣ ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба манзури музокирот дар масоили марзӣ вориди Бишкек шавад.

Ба далели мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он миёни сокинони шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Қирғизистон зуд-зуд низоъ ва задухӯрдҳо рух медиҳанд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи задухӯрд дар рӯзи 16 сентябр се низомии тоҷик ва як марзбони қирғиз кушта шуданд. Ба ҷуз ин аз ҷониби Тоҷикистон 12 низомии дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва ҳамчунин занону ду кӯдаки дигар ҳам захмӣ шуданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар навбати худ аз захмӣ шудани 13 нафар хабар дод. Муноқишаҳои хурду бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунон идома дорад.

Аз 976 километри сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 400 километр номуайян ё баҳснок боқӣ мемонад ва яке аз ин қитъаҳо Ворух-Оқсой мебошад. Замину чарогоҳу обу дигар захираҳои табиие, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ моли ҳама буд, ҳоло марбут ба яке аз ҷонибҳо шудааст ва ҳарду ҷониб ҳам дар иҷозаву маҳдуд кардани ҳамдигар дар дастрасӣ ба ин сарватҳо худро ҳақ мешуморанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *