Бистрӯзаи аввали пахтачинӣ. Ноҳияи Ашт ғолиб дониста шуд

Имрӯз, 2-юми октябр дар шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ доир гардид ва ноҳияи Ашт ғолиби бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ эълон шуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Ашт, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ​ дар ҷамъбасти бистрўзаи аввали мавсими пахтачинии ҳосили соли 2023 иброз доштааст, ки​ “бо шарофати сиёсати ҳадафмандона ва ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои ​миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст”.

— Таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта миёни навоҳии пахтакор​ мусобиқаи меҳнатӣ эълон намуда буд. Бистрўзаи аввали мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид ва он нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пурҷўшу хурўш аст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки аз натиҷаи давраи аввали мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт​ ғолибони мусобиқа дониста шудаанд.

Дар ноҳияи Ашт соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли пахта 14207 тонна буда, аз аввали мавсим 6688,1 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 47,1 дарсади нақша баробар аст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсол 18791 тонна муқаррар шуда,​ заркорон то 1-уми октябр 7699,9 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 41 фоизи нақшаро ташкил мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *