Бисёр таваллуд кунӣ, Президент хона медиҳад?

 

То имрӯз Пешвои миллат ва Роҳбари Давлат ба онҳое,ки берун аз меъёр кудак таваллуд кардаанд, хона тӯҳфа кардааст.

Ӯ соли гузашта  ба модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд карда буд, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо намуд. Ин дафъа низ модари чоргониктаваллудкарда низ соҳиби хона дар пойтахт шуданист.

Шаҳодат Нуралиева, модари 27-солаи чоргоникҳо  гуфтааст,ки  дар шароити бебарқӣ, барфи зиёд ва роҳбандиҳои деҳаашон калон кардани чоргоникҳо хеле душвор хоҳад буд: “Дар деҳаи Дашти Марзои Файзобод зиндагӣ мекунем, барфи зиёд меборад, роҳҳо баста мешаванд, калон кардани кӯдакҳо мушкил хоҳад буд. Дар хона боз ду фарзанди дигар дорам. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш дорем, ки моро дастгирӣ кунад, як хона диҳад. Бибии  чоргоникҳо низ дар тасдиқи суханҳои модари ҷавон изҳор доштааст, ки падари чоргоникҳо дар Русия кор мекард: “Ҷарроҳӣ шуд ва ҳозир баргашт. Дар Ватан дар ягон ҷо кор карда наметавонад. Хоҳиш дорем, ки моро дастгирӣ кунанд. Мехоҳем, тифлҳои моро Пешвои Миллат ном гузорад”.
Шаҳодат Нуралиева, истиқоматкунандаи деҳаи дашти Марзои ноҳияи Файзобод 24 августи соли равон соати 11-и рӯз ду писару ду духтарро ба дунё овард. Ӯ таваллуди чоргоникҳоро  туҳфа ба шавҳар дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолият арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки фарзандонаш дар оянда ворисони арзандаи Ватан ба воя мерасанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *