“Биё! Бисоз Life”-и навшуда: вариантҳои бештар, интернети бештар!
МегаФон Тоҷикистон тарофаи “Биё! Бисоз Life”-ро, ки имкони мустақилона сохтани бастаи хизматрасониҳои алоқаро фароҳам меорад, нав намуд. Муштариён дар интихоби ҳаҷми дақиқи телеком-хизматрасониҳо озодтар шуда, ин имконият миқдори вариантҳои дастраси тарофаи мазкурро хеле зиёд намуд. Дар баробари ин, миқдори зиёдтарини гигабайтҳои интернет панҷ маротиба афзоиш ёфт. Сохтани тарофаи худ бо ёрии калкулятор дар замимаи мобилии “МегаФон Life” имконпазир аст.
Тарзи сохтани тарофаи махсус хеле осон аст: бо 50 сомонӣ дар як моҳ муштарӣ бастаи ибтидоии иборат аз зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 50 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои операторони дигари ҶТ ва 10 Гб интернетро ба даст меорад. Агар дар ин баста чизе камӣ кунад – масалан, дақиқаҳо ё интернети бештар лозим ояд, истифодабаранда опсияҳои лозимиро мустақилона илова менамояд. Ин корро метавон тавассути калкулятори замимаи “МегаФон Life” бо гузариш ба “Тарофаи ман” – “Дастрас” – “Биё! Бисоз Life” анҷом дод. Ҳамин тариқ, агар муштарӣ хоҳиш дошта бошад, ки ба бастаи ибтидоӣ 100 SMS дар ҶТ ва 30 Гб интернетро дохил кунад, ӯ бояд иловатан 48 сомонии дигар пардохт намояд.
Хоҳишу дархостҳои муштариёнро ба назар гирифта, оператор тарофаи “Биё! Бисоз Life”-ро аз нуқтаи назари миқдори бастаҳои иловагии хизматрасониҳо боз ҳам муносибтару қулайтар намуд. Агар қаблан, масалан, пайвасткунии ё 50 ё 100 дақиқаи зангҳо ба шабакаҳои дигари ҶТ дастрас буд, акнун инчунин варианти миёна дар ҳаҷми 75 дақиқа дастрас мебошад.
Интихоби вариантҳои пайвасткунии интернет-трафик то дараҷаи назаррас васеъ шудааст. Қаблан ба бастаи ибтидоӣ аз ҳама зиёд 29 Гб-ро илова кардан мумкин буд, ҳамакнун бошад – иловакунии то 140 Гб трафик имкон дорад. Ҳамагӣ айни ҳол 35 варианти ҳаҷми трафики интернет мавҷуд мебошад, ки онҳо танзимоти тарофаро бо назардошти ниёзу талаботи муштарии мушаххас боз ҳам дақиқ менамоянд.
“Тарофаи навшуда шояд барои истифодабарандагони интернет пешниҳоди беҳтарин бошад: акнун интихоби ҳаҷми трафик бо дақиқияти то якчанд гигабайт имконпазир аст. Илова бар ин, дар доираи “Биё! Бисоз Life” интернет бо миқдоре дастрас аст, ки ҳоло дар ягон тарофаи дигари мо мавҷуд нест. Бо сохтани бастаи хизматрасониҳои худ муштарӣ дар натиҷа худ ҳаҷми пардохтҳои ҳармоҳаи худро барои алоқа муайян менамояд”, — изҳор дошт директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Маълумоти муфассал оид ба тарофаи “Биё! Бисоз Life” – дар сомонаи ширкат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ