«Биё, бо ҳам бихандем!» дар шаҳри Ҳисор
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» бо иштироки дастаҳои ҳаҷвнигории шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод ва Рӯдакӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, фестивал аз рӯи номинатсияҳои «Интермедия», «Аскиягӯӣ», «Тақлидкорӣ», «Латифагӯӣ», «Суруди ҳаҷвӣ», «Монологи ҳаҷвӣ» ва «Саҳначаи ҳаҷвӣ» доир гардида, дар он дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳо бо маҳорати баланди ҳаҷвнигорӣ баромад кардаанд.
— Ҳайати ҳакамони фестивал ба ҳунари иштирокчиён баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро ба даври ниҳоӣ роҳхат доданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ