Биё, дубора кунем интихоб вожаи “мактаб”!
Дар оғози соли таҳсили имсола ду набераи хушрӯву гулрӯямро гирифта ба мактаб бурдам. Дар пушти дари мактаб назарам ба чунин навишта афтод: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18.
Ҳайрон шуда, аз муаллими калонсоли ҳамдеҳаамон пурсидам, ки чаро мактаб неву муассиса?
Ӯ гуфт:
— Ин тарҷумаи русии “Общеобразовательное учреждение” аст. Мактабҳо ҳозир ҳама муассиса шудаанд.
Ҳайрон шудам, ки наход мо мактабро ҳам аз русӣ калка карда бошем. Ҳол он ки, гузаштагони мо ҳазорон сол онро мактаб гуфтаанд.
Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Пешниҳод мекунам, ки номи душвори муассиса аз байн бурда шуда, ба ҷойи он мактаб гуфта шавад. Се зинаи таҳсилот мавҷуд аст: боғча, мактаб, донишгоҳ ё мактаби олӣ.
Шоир Озар дуруст мефармояд:
Биё, дубора кунем интихоб вожаи “мактаб”,
Бувад чи лафзи дурусту савоб вожаи «мактаб».
Биё, дубора зулоли варо ба лаб бикашонем,
Ки ҳаст дилкашу беғаш чу об вожаи “мактаб”.
Сайвалӣ АБДУРАҲИМОВ, нафақагир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ