Биё, ки фолат бинам! Инсонҳо кай аз вартаи макру фиреби фолбинҳову соҳирон раҳоӣ меёбанд?
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир муроҷиати мардум, хусусан занон ба фолбинҳо барои гӯё “ҳал кардани мушкилоташон” бештар шудааст. Бехабар аз он, ки ба ин васила ягон мушкилашон ҳал нашудаву баръакс мураккабтар мегардад ва болои ин, пули барои харҷи рӯзгор ҷамъовардаи аҳли оилаашонро беҳудаву бесамар чошу пош мекунанд.
Шеваҳои “хизматрасонӣ”-и фолбинҳо
Аслан, таҷрибаи истифода аз “хизматрасонӣ”-и фолбинҳо дар Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дорад ва давоми солҳо бо шеваҳои наву мухталиф амалӣ мешавад. Мисол, солҳои пеш дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе метавонистем занеро вохӯрем, ки канори роҳ нишаставу бо истифода аз “хизматрасонӣ”-и тутӣ фол мекушод. Шоири барӯманди тоҷик Абдулқодири Раҳим атрофи чунин манзараҳо андешаҳои ҷолиб дорад. Масалан, ӯ мегӯяд: “Шумо дидаед ва ҳам шунидаед. Агар надидаед ва ҳам нашунидаед, аз он аст, ки дур аз маркази пойтахти кишвар зиндагӣ мекунед. Ва ё ба бозорҳои он сар нахалондаед. Вагарна, медидед ва ё мешунидед, ки чӣ хел инсон бечора тӯтиро ба хидмат ҷалб кардааст. Аҷаб як хидмате: фолбинӣ. Шакли он тамоман нав мебошад. Тӯтӣ аз миёни коғазҳои навишташуда якеро бо амри соҳибаш интихоб мекунаду мегирад ва ба ӯ медиҳад. Амр тааҷҷубовартар аст: «Канӣ, тӯтиҷон, бахти амакашро як бисанҷ!». Нахуст амакаш барои ин як сомонӣ бояд пардохт намояд. Амакаш матни пур аз ғалатро мехонад: Тақдирномаи шумо аз назари Ҳофизи Шерозӣ…”.
Ҳамзамон, Абдулқодири Раҳим аз усули дигари фолбинӣ ёдовар мешавад: “Солҳои сол бо қарта фол мегирифтем. Фолбин онҳоро омехта мекард ва аз он миён чандтояшро мегирифту мекушод. Баъд вобаста ба он тақдири моро пешгӯӣ ва аз гузаштаамон ҳикоят менамуд. Усулҳоро баъдҳо дигар карданд. Ҳатто бо ифтихор мегуфтанд, ки пиронамон, ҷинҳо, париҳо чунину чунон мегӯянд. Ин гуруҳ ба хонаи муштариёнашон низ роҳ меёфтанд ва чизҳои ғариб пайдо мекарданду онҳоро ба тааҷҷуб меоварданду метарсонданд. Ва низ мегуфтанд, ки ин амалҳои номатлубро нисбати шумо хешовандон, ҳамсояҳо раво диданд. Бо сухан тахминан қиёфаи онҳоро бозгӯ мекарданд. Албатта, муштарӣ дар ин маврид бо фирефтагӣ тухми фитнаву душманиро дар дил нисбати хешованду ҳамсояи тасаввуркардааш мепарварид. Фолбинии лӯлиён барои ҳамаи мо маълум аст. Шукр, шумораашон солҳои охир кам гардид. Не, балки бозори онҳоро фолбинҳои маҳаллӣ танг карданд. Чунин ба назар мерасад, ки то дунё боқист, аз вартаи макру фиреби онҳо инсонҳо раҳоӣ намеёбанд. Онҳо вобаста ба сохту замон шаклу усулҳои фаъолияташонро тағйир медиҳанд, аммо асл боқӣ мемонад”.
Барои фолбинҳову соҳирон ҷазо муқаррар шудааст
Тавре қаблан зикр кардем, нафарони хурофотпараст бисёранд ва дар ҳоли дучори мушкилие шудан ҷониби фолбинҳо мешитобанд. Масалан, масъулини корҳои дохилии шаҳри Душанбе нимаи моҳи майи соли 2022 як зани 66-солаи сокини маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Фирдавсиро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду 2560 сомонӣ ҷарима карданд. Ин зан на саводи динӣ доштаасту на дунявӣ. Аммо аз шаҳрвандоне, ки ҳатто саводи динию дунявӣ доранд, бо роҳи даромадан ба боварии онҳо пул гирифта, “корашонро буд мекардааст”.
Чунин ҳодисаҳо хеле зиёданд. Ҳол он ки, машғул шудан ба фаъолияти фолбиниву ҷодугариро ҳам дини ислом манъ кардааст, ҳам қонунҳои кишвар.
Тибқи моддаи 482 (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ,
— ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
— ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Сироҷиддин Шакурӣ, аз моҳи январ то сентябр 21 ҳолати машғул шудан ба фолбиниву ҷодугарӣ ба қайд гирифта шудааст. Нисбати 21 нафар протоколи маъмурӣ бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд будааст.
“Сабаб пеш аз ҳама боварии мардум аст. Боз, ба қавле, вақтҳои охир муроҷиат мудерн, яъне замонавӣ шудааст. Ҳатто тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, масалан “Вотсап” муроҷиат мекунанд, ки “фол бинед, ё ҷодугарӣ кунед”. Масалан аз Русия муроҷиат мекунанд, сурати ягон духтар ё писарро мефиристанд…”,- мегӯяд ҳамсуҳбатамон.
Ба гуфтаи С. Шакурӣ, аз ҷониби мақомот нисбати ин тоифа фақат протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаву ҷаримабандӣ карда мешаванд. Инчунин, забонхат гирифта мешавад, ки дигар ба ҳамин кор даст намезанад.
Фолбинӣ кори мусалмон нест!
Фаъолияти фолбиниву соҳириро руҳониён накуҳиш мекунанд ва нафареро, ки аз хизматрасонии онҳо истифода мебарад, гумроҳ меҳисобанд.
Роҳбари Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода аз афзоиши фолбинӣ ва фирефташавии шаҳрвандони соддалавҳ нигаронӣ карда, мегӯяд: “Сеҳру ҷоду таърихи чандҳазорсола дорад, ки дар замони пайғамбарони мову шумо буд. Аммо аз нигоҳи дини мубини ислом бовар кардан ба фолбин ширк овардан ба Худост ва гуноҳи кабира аст. Ҳар тоифа, ки ба назди фолбин мераванд, огоҳ бошанд, ки даст ба содир кардани гуноҳи кабира задаанд. Албатта, имрӯз хоса занон бо мушкилоти бахткушоӣ, гарму сардкунӣ, бефарзандӣ ва даҳҳои дигар ба пеши фолбин мераванд ва гӯё корашон ҳал мешавад. Аммо фарзандро танҳо Худо ато мекунад. Мушкили моро танҳо ин зоти пок ҳал мекунад. Дарди моро танҳо Худо худаш даво мебахшад. Рӯй овардан ба фолбинӣ кори мусалмон нест ва бешак 99%-и суханоне, ки фолбинон ба корафтодагон мегӯянд, дурӯғу бепоя аст. Ҳар касе, ки аз гумроҳӣ ба пеши фолбин мераваду баътар хатои худро дарк мекунад, ҳатман бояд тавбаву истиғфор карда, аз Худо бахшиши гуноҳашро пурсад”.
Роҳҳои пешгирии гумроҳӣ
Таҳлилгарон яке аз роҳҳои асосии пешгирии гумроҳии нафарони ба сеҳру ҷоду таваҷҷуҳдоштаро боздошти фолбинҳову соҳирон ва ҷаримабандии онҳо арзёбӣ мекунанд. Бархе иртиботи қавии руҳониён ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оиларо бо аҳолӣ ва хислати маслиҳату фаҳмондадиҳӣ доштани робитаҳоро таъкид мекунанд.
Инчунин, фароҳам овардани институти равоншиносӣ зарур аст, зеро он дар кишвари мо ба таври назаррас фаъолият намекунад. Хеле заруриву саривақтист, ки дар деҳот, ҳадди ақал дар ҳар ҷамоат як-ду равоншинос фаъолият намоянд. Ин имконият фароҳам меорад, то нафарони дар майнаашон шабаҳ пайдошуда на ба фолбин, балки ба равоншинос муроҷиат намоянд.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ