Биёед Гулиро наҷот диҳем

Ин аксе ки мебинед, акси як модари бекасу бекӯ, зани ранҷдидаю рӯзнодида Гулӣ Комилова мебошад. Ӯ дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буда, танҳо зиндагӣ мекунад ва ягон нафари наздик надорад. Оиладор шуда, аз сабаби бефарзандӣ ҷудо шудааст. Аз соли 2013 ба бемории гурда мубтало гардида, ба табобати он сар мекунад. Аммо табобат ягон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Охирин ташхис нишон додааст, ки як гурдаи Гулӣ ба кулли хушк шудааст ва дигараш ҳам дар ҳоли хушкшавӣ қарор дорад. Духтурон гуфтаанд, ки бояд гурдаҳоятро иваз намоӣ, аммо барои ивази гурда маблағи зиёд лозим аст. Ин зани яккаю танҳо аз мардуми саховатманд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои наҷоташ дасти кумак дароз намоянд. Ҳар ки чӣ қадаре қудрат дорад, метавонад ба Гулӣ кумак расонад. Хоҳ як сомонӣ хоҳ сад, ин ба салоҳияти шумост. Шояд маблағе ҷамъ шаваду ӯро наҷот диҳанд…

Тел: +992 900 91 42 53

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *