Биёед, китоб мехонем!
Зарфи чиҳил рӯзи сипаришуда 5 ҳазору 758 нафар хонандагони наврас ба толори кӯдакону наврасон ташриф овардаву 158327 китоб дархост кардаанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”
Тавре манбаъ мегӯяд, аз шумораи номбаршуда ҳазору бист нафари онҳо касоне мебошанд, ки нав ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Афзоиши сафи хонандагон ва ҳузури ҳамарӯзиашон нишондиҳандаи майлу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб дар қиёс ба солҳои пеш аст.
Хонандагон дар бештар аз як моҳ зиёдтар аз ҳама китобҳои классикони адабиёти тоҷик ва адибони муосирро дархост ва мутолиа кардаанд. Бештар барои онҳо “Гулистон” ва “Бўстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Рубоиёт”-и Умари Хайём, “Ҳазору як андарз” аз Низомии Ганҷавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Мактаби куҳна”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, “Одина”, “Аҳмади девбанд”, “Дохунда”-и устод Садриддин Айнӣ, осори ибни Сино, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, “Қиссаҳои айёми таътил”, “Сулҳ чист?”, “Ҳикояҳо”-и Азизи Азиз, “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ, “Ҳазору як чистон”-и Асадулло Сӯфизода, “Дар орзуи падар”-и Кароматуллоҳи Мирзо, “Модарнома”-и Мирзо Турсунзода, гулчини «Маснавии Мавлавӣ», “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен, “Чӣ? Кай? Дар куҷо?”, “Духтари капитан”, афсонаву шеърҳои А.С. Пушкин, “Каштанка”-и А.П. Чехов, “Муму”-и И.С. Тургенев, “Об аз куҷо меояд?”-и Аминҷон Шукўҳӣ, “Китоби сурхи ҶТ” қисми 1-2 ва ғайраҳоро дархост ва мутолиа кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ