Биёед, воқеъбинона қазоват кунем!
Вокуниши омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат нисбат ба қарори Додгоҳи Олии Юнон дар бораи озод намудани аъзои ТТЭ ҲНИТ Мирзораҳим Кузов
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, онҳоро ҳамчун қисмати таркибии низоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии хеш ҳисоб мекунад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба санадҳои дохилии кишварҳо, аз ҷумла, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд арҷ гузорад.
Дар робита ба ин, ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 дар бораи ҳамчун ташкилоти террористӣ — экстремистӣ (ТТЭ) эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро қайд намудан зарур аст, ки мувофиқи он фаъолияти ҳизб қатъ карда шуда, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шудааст. Ғайр аз ин, нашри рӯзномаи ҳизби мазкур «Наҷот» қатъ гардонида шуда, сомонаи интернетии он баста шудааст.
Фаъолияти ТТЭ ҲНИТ комилан ба манфиати ташкилотҳое буд, ки сиёсати муғризона ва бадбинонаро нисбат ба давлати Тоҷикистон пеш мебурданд. Ин «ҳомиён»-и дини мубини ислом ҳамон «ҳомиён»-е мебошанд, ки чунин «пуштибонӣ»-и ғаразманди худро қаблан дар Тоҷикистон оғоз намуда, ҳоло дар кишварҳое чун Ироқ, Афғонистон, Сурия ва ғайра давом медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз низ давлатҳое ҳастанд, ки амалу фаъолияти роҳбарон ва пайравони чунин ҳизбҳоро нодида гирифта, ошкору пинҳонӣ онҳоро пуштибонӣ менамоянд. Аз ҷумла, қарори қабулнамудаи Додгоҳи Олии Юнон дар робита ба рад намудани истирдоди узви Раёсати Олӣ ва узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ Мирзораҳим Кузов мутобиқи дархости Тоҷикистон шаҳодати гуфтаҳои боло аст.
Бояд тазаккур дод, ки бо чунин рафтор Додгоҳи Олии Юнон беэҳтиромии худро нисбат ба ИНТЕРПОЛ ва аъзоёни он низ нишон дод.
Биёед, воқеъбинона қазоват кунем, ки дар кадом давлати демократии дунё ҳизб ё ҳаракати иҷтимоие кӯшиши ғасби давлатро мекунанду сохторҳои расмии давлатӣ ба ин падида беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Барои чӣ Амрико манфиатҳои худро дар ҳазорҳо фарсах дуртар аз ҳудудҳои худ, масалан дар кишвари Афғонистон ҳимоя мекунаду Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ аст, ҳақ надорад, то ин ки саодату суботи халқу кишвари хешро аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона ва шӯрангезе, ки барои ваҳдату суботи Ватан хатар дорад, пешгирӣ намояд ва дар ҳудуди хеш манфиатҳои миллии худро аз ҳуҷуми ҳизбҳои ифротгаро ва аъзоёни он дифоъ кунад?
Ҳукумати Юнон ҳамчун давлати ба мо дӯст, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст ва огоҳ аст, ки дар саромади ҳодисаҳои хунбори солҳои 90 – уми асри ХХ ва ҷанги шаҳрвандӣ, куштори олими шинохтаи тоҷик, ректори ДДТТ Б. Исҳоқӣ, журналисти варзида О. Латифӣ ва даҳҳо дигарон, ки зидди таассуби динӣ ва хурофот буданд, маҳз аз рӯи сенарияи таҳиягардидаи ТТЭ ҲНИТ (кабириҳо) сурат гирифтанд.
Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар ҳайратанд, ки Юнон ҳамчун давлати ба мо дӯст ин ҳодисаҳоро нодида гирифта, ба бофтаҳои бардурӯғи ТТЭ ҲНИТ ва хизматгорони хориҷиён фирефта мешавад. Бинобар ин, коллективи донишкада қарори Додгоҳи Олии Юнонро доир ба рад намудани дархости Тоҷикистон нисбат ба истирдоди Мирзораҳим Кузов — узви ТТЭ ҲНИТ, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ — экстремистӣ эътироф гардидааст, беасос ва хилофи санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ мешуморад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ