Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА

Дирӯз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, палатаҳои  савдо ва саноати  Тоҷикистон ва ИМА,  ширкатҳои бонуфузи Амрико, аз қабили «General Electrics», «Mobilized Construction», «Visa», «Coca-Cola», «APR Energy», «Baker McKenzie», Корпоратсияи  «AGCO», шӯрои амрикоӣ оид ба  таҳсилоти байналмилалӣ, Агентии рушди сайёҳии «White 64» ва ғайра баргузор гашт.

Ба кори Форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ҳусни оғоз бахшид. Раиси  Шурои соҳибкорони ИМА ва Тоҷикистон, Директори муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди соҳибкории байналмилалӣ Филипп Де Леон аз пазироии самимии ҷониби  Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда,  ба кори нахустин Бизнес -форуми соҳибкорони Тоҷикистону ИМА комёбӣ таманно намуд.

Дар форуми  мазкур имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат  сайёҳӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дучониба байни Тоҷикистон ва Америка  дар шакли рӯнамо муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода рӯнамоии имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *