Блогер ё “занаки лаби об”?
Дар фазои маҷозӣ, бахусус дар Youtube-и тоҷикӣ афроде пайдо шудаанд, ки ба худ унвон додаанд, унвони блогер!
Дар каналҳои “блогер”-они тоҷик дидан мумкин аст: “зани фалонӣ бо марде зино кард”, “келини хона баромада рафт”, “ким — кӣ кадомеро дашном дод”, “кампир набераашро корд зад”, “падар писарашро оқ кард”, “мард ба занаш хиёнат кард”, “дар фалон деҳа занакҷанг шуд”… Магар инҳо мавзӯъҳои “занакои лаби об” нестанд?
Сараввал бояд бигӯям, ки маънои блогер бо забони тоҷикӣ “занаки лаби об” тарҷума намешавад. Ва ҳар нафаре, ки камера ва ноутбук дорад, блогер шуда наметавонад. Барои блогер шудан, идея даркор. Дар ютуб каналҳои “блогер”-они тоҷик мисли сари дастархони “занакои лаби об” аст. Аз каналҳои “блогер”-они мо табсираҳои мавзӯъҳоеро мебинем, ки кайҳо дар скомейкаҳои поёни биноҳои истиқоматӣ “занакои лаби об” онро ҳаллу фасл карда буданд. “Блогер”-и мо хабареро “хабари нав” гуфта, муаррифӣ мекунад, ки кайҳо он хабар “бӯйи моҳии вайроншуда”-ро мекунад.
“Блогер”-они муҳтарам, ба каналҳои худ як маротиба ҳамчун бинанда назар кунед. Ба видеоҳои худ ҳамчун шахси дигар муносибат кунед. Ба корҳои мекардаатон мисли одам фикр кунед. Дигарҳоро намедонам, аммо бовар кунед, дар каналҳои шумо оксиген нест. Фазои бад, бӯйи бад, фикру андешаи бад ва аз ҳама муҳим тоҷик будани худро фаромӯш кардед. Айби шумо не, айби пул!
Бовар кунед, ҳамон “хабарҳои нав” ва “хабарҳои муҳим”-и шумо ба касе лозим нестанд ва касе ҳам онҳоро намебинад, вале мутаассифона, дар вақтҳои “зарурӣ” он видеоҳои шумо силоҳе ҳастанд, ки зиддӣ тоҷик ва фарҳанги тоҷикӣ истифода мешаванд . Чанд дона “просмотор”-е, ки шумо доред, “фейк” ва шиносҳои худатон ҳастанд. Ютуби тоҷикӣ “ғайбатхона” шудааст ва онро шумо кардаед. Ҳар чизе, ки дар оила, кӯча, маҳалла ва миёни чанд дӯстатон рух медиҳад, маънои онро надорад, ки барои дигарон ин шавқовар ё аҳамият дорад. Дар пушти ҳамаи корҳои шумо пул меистад ва инро аллакай ҳама медонад. Имрӯз ютуб ба воситаи чанд доллараке тавониста истодааст, ки моро зиддӣ худамон шӯронад, истифода барад, сирҳои хонаводагиамонро фош созад.
Фарҳанги тоҷикро, ки беҳтарин ва поктарин фарҳанг аст, барои пул доғдор накунед. Нонатонро дар хун тар накарда хӯред…!
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ, рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ