Блогери ӯзбек латтукӯб шуд
Блогери 33-сола аз шаҳри Тошканд Отабек Ҷураев, ки барои омӯзиши шикояти як сокини маҳаллӣ аз қаллобон ба шаҳри Самарқанд рафта буд, 5 август мавриди ҳамлаи шахси ношиносе қарор гирифт.
Ба гуфтаи Ҷураев, ӯ бо зани ҷабрдида дар назди манзили зисташ суҳбат мекард ва ногаҳон марде пайдо шуда, бо оҳанпора ба сараш зад. Дар натиҷа блогер аз ҳуш рафтааст ва сараш низ осеб дидааст.
Ҷураев ҳодисаро ба фаъолияти блогерияш рабт медиҳад. «Шояд ҳадафашон хомӯш кардани ман буд. Вале ҳайронам, ки аз омадани ман чи гуна огаҳ шуданд. Ин зан ба додситонӣ ва пулис муроҷиат кардааст, ки ӯро ба маблағи 250 миллион сӯм ($28500) фиреб додаанд. Вале онҳо талош кардаанд, ҷиноятро пинҳон кунанд. Шояд нахостанд, ман ин қазияро таҳқиқ кунам. Қаллобон аз ифшо шудани ҷиноят метарсанд ва ҳатто пулисро розӣ кардаанд, ки парвандаро қатъ кунанд», — гуфт блогер.
Навбатдори пулиси вилояти Самарқанд гуфт, дар робита ба мавриди ҳамла қарор гирифтани блогер бо банди «авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вале аз шарҳи ҷузъиёти тафтишот худдорӣ кард.
Отабек Ҷураев аз зумраи даҳҳо блогери ӯзбек аст, ки бо бозтоби мушкили шаҳрвандони кишвари худ машғуланд ва ҳамеша дар бораи поймолшавии ҳуқуқи сокинон ва маҳдуд шудани озодии онҳо мегӯянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ