Блогнависон Рустам Карим ва Тулқин Остонов зиндонӣ шуданд
Додгоҳи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон блогнависон Рустам Карим ва Тулқин Остоновро ба зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Азиз Обидов, намояндаи расмии Додгоҳи олии Ӯзбекистон хабар дод.
Рустам Карим дар истеҳсол, нигаҳдорӣ, паҳнсозӣ ва ё намоиши маводе, ки ба амнияту тартиботи ҷамъиятӣ хатар эҷод мекунад, айбдор ва 2 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Тулқин Остонов низ бо айни ҳамин айб 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум гардид.
Ин ду шаҳрванди Ӯзбекистон 8 апрели соли ҷорӣ бо нашри наворе гуфтанд, ки ба Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон рафта, дар мавзуи манъи бастани ҳиҷоб ва маҳсулоти дорои тамғаи ҳалол бо намояндагони Идора баҳс кардаанд. Ҳамон рӯз мақомот Рустам Карим ва Тулқин Остоновро боздошт карданд.
Ин ду шаҳрванд аз фаъолияти Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон ба таври пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ